Рубрика: Андеша
Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастовард дар ҳаёту зиндагии халқу миллати тоҷик дар таърихи давлатдориаш маҳсуб ёфта, он нишонаи ҳувияту озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодати безавол ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатии Тоҷикистони азиз арзёбӣ мегардад. Тамоми сокинони мамлакат имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати ин ганҷинаи беназир соҳиби рамзҳои давлатӣ–Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдурашид ШАМСУЛЛОЗОДА […]
Миллати тоҷик дар тӯли таърих борҳову борҳо ба сабаби маҳрум будани раҳбарон аз сифати олии худбоварӣ ва иродаи миллӣ дучори зарбаҳо ва зарарҳо шудааст. Роҳбарӣ масъулият мехоҳад. Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мушкилоте, ки ба идоракунии давлатии мо монеъа эҷод мекард, ин надоштани таҷрибаи роҳбарии роҳбарони давр буд, ки ҳалли ин қазия дар интихоби роҳбари нав нуҳуфта буд. Таърихи инсоният […]
Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандин асраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. ЭМОМАЛӢ Раҳмон Воқеан ҳам имрӯз мардуми сарбаланду саодатманди тоҷик зери Роҳбарии фарзанди фарзанаи миллат, таҳаммупазиру дурандеш, сиёсатмадору ғаюр, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон […]
1 сентябр дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Имсол ин рӯзи фархунда дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон дар мамлакат 3911 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии […]
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари воҳид дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мавқеи усувори худро пайдо намуда, имсол 30 – солагии истиқлоли хешро бо як қатор дастовардҳои бузург, ки ба таҳкими пояҳои соҳибистиқлолӣ заминаи устувор мебахшанд, ҷашн мегирад. Расидан ба истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ва мустақилона шурӯъ намудан ба давлатдории миллӣ дар аввали солҳои 90-уми асри […]
«Истиқлолият ин нишонаи ҳастӣ, шарти бақои давлати соҳибихтиёр, рамзи саодати миллат, ҳуввият, озодӣ, шарафу ифтихори халқи тоҷик аст».Эмомалӣ РаҳмонИстиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар […]
Дар остонаи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷаллаи олмониии Wostok шумораи навбатии худро дар ҳаҷми 80 саҳифа пурра ба Тоҷикистон бахшид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар шумораи махсуси маҷалла зери унвони «Тоҷикистон — сарзамини баландкӯҳ ва дорои фарҳангу таърихи пурғановат» паҳлуҳои мухталифи ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии […]
Маҳз ҳокимияти сиёсӣ, яъне давлат ҳамчун беҳтарин ва арзишмандтарин ташкилоти офаридаи инсоният заминаи асосии таъмини ҳама гуна пешрафт, нигоҳдорӣ ва муаррифии расму ойини миллӣ, забон, фарҳанг ва урфу одат маҳсуб ёфта, соҳибистиқлолӣ рамзи саодати миллат ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ин нуктаро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён дар матлабе, ки унвонии АМИТ «Ховар» ирсол доштааст, зикр менамояд. Андешаҳои муаллиф […]
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои худ дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалигардонии Барномаи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 майдончаи варзишӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон дар масоҳати 0,45га воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ сохта, мавриди истифодаи сокинон дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки сохтмони иншооти мазкур аз […]
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро барҳақ, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номидаанд. Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳанд. Чуноне, ки […]
| Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
|---|---|---|---|---|---|---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | |||
| 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
| 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
| 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
| 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |