КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Мирзозода Иброҳим Холмурод

Маълумоти пурра

22-уми июли соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 ба Донишгохи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Ҳуқуқшинос — равоншинос» хатм намудааст. Соли 2016 ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати тоҷикистон дохил шуда, соли 2019 Донишгоҳи мазкурро ғоибона бо ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо” хатм намудааст. Айни замон унвонҷӯи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2006  мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагон, мутахассис пешбари Шуъбаи тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2007 мутахассис пешбари Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2007-2012 сармутахассиси Шуъбаи сиёсати иҷтимоии Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2012-2014 мудири Бахши тарбияи ватанпарастӣ ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2017 муовини сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017-2020 сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз 7 апрели соли 2020 то инҷониб Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2018, №108 бо медали Хизмати шоиста ва бо қарори Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2020, №0151 бо ифтихорномаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.



Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич

Маълумоти пурра

Муродов Ҷурабек Қурбоналиевич 16-уми октябри соли 1990 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои филолгӣ.

Соли 2008 ба Факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2013 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси шарқшиносӣ ва соли 2017 шуъбаи аспирантура ва докторантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро рӯзона хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимии кишвар мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2013 то моҳи октябри соли 2015 мутахассиси раёсати ташкилию таҳлилии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ бо хориҷаи Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сабаби таҷдиди сохтор, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва умумии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аз январи соли 2016 то августи соли 2017 ба ҳайси мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва аз 10 августи соли 2017 то 4 январи соли 2021 роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Соли 2014 курси такмили ихтисоси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ҳамзамон иштирокчии “Ҷаласаи иттилооти оид ба самти пешгирии муҳоҷирати Федератсияи Россия мебошад.

Аз 04.01.2021 то инҷониб муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми назаррас дар пешбурди фаъолияти корӣ бо Ифтихорномаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.



Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Ашурова Дилрабо

Маълумоти пурра

Ашурова  Дилрабо Маҳмашарифовна 25-уми феврали соли 1992 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2009 ба Факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил шуда, соли 2014 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст. Айни замон донишҷӯи курси сеюми факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар рафти таҳсил тариқи шавртномавӣ ба ҳайси муҳаррири идораи барномаҳои “Ҷавонӣ, зебоӣ ва варзиш”-и Муассисаи давлатии Телевизиони “Сафина” кору фаъолият намуда, баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимии кишвар мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2014 то соли 2018 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 24 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз моҳи апрели соли 2018 то моҳи августи соли 2018 коргузори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, солҳои 2018-2019 мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, солҳои 2019-2020 мудири бахши омор ва бақайдгирии аъзои ҳизби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, солҳои 2020-2021 мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, солҳои 2021-2022 сардори шуъбаи коргузории Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи майи соли 2022 то моҳи сентябри соли 2022 мудири бахши  назорат, коргузорӣ ва корҳои махсуси Агентии  назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ намудааст.

Аз 14-уми сентябри соли 2022 то инҷониб ба ҳайси муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда истодааст.

Барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми назаррас дар пешбурди фаъолияти корӣ бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур,  Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Аз соли 2012 аъзои ҲХДТ.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.


Мудири шуъбаи молия-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Маҷидзода Холмаҳмад Маҳмадалӣ

Маълумоти пурра

29 январи соли 1969 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст. Соли 1993 Донишгоњи давлатии ба номи В.И.Ленинро (рўзона) бо ихтисоси математик, муаллими риёзӣ хатм кардааст.


Солҳои 1968 — 1993 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин, 1993-1994 иқтисодчии котегорият 1-уми Базаи автомобилии №1-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994-1997 сариқтисодчии Агротехснаби ноҳияи Варзоб, 1997-2006 сармуҳосиби Базаи ҷумҳуриявии автомобилии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2006-2020 сармутахассиси шуъбаи банақшагирӣ ва муҳосиботи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ҳол ба ҳайси мудири шуъбаи молия — сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият дорад.


Барои софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми назаррас дар пешбурди фаъолияти корӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020, №1571 бо Медали хизмати шоиста сарфароз шудааст (шаҳодатнома №2321 ва медал №3783).


Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.




Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе
Амробекова Руқия

Маълумоти пурра

Амробекова Руқия Ҷаборовна 26 ноябри соли 1964 дар шаҳри Ваҳдат, дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Соли 1972 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и (пештара №35) шаҳри Ваҳдат таҳсилро оғоз намудааст.

Соли 1982 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (пештара Т.Г. Шевченко) ба факултаи забонҳои хориҷӣ, шуъбаи забони англисӣ дохил шуда, онро соли 1986 бомуваффақият ба анҷом расонид ва соҳиби тахассуси «Омўзгор» гардид.

Сипас, соли 1986 мавсуф бо роҳхати донишгоҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 – и шаҳри Ваҳдат барои кор фиристонида шуда, то соли 1996 дар муассисаи мазкур ба ҳайси омўзгори фанни забони англисӣ кору фаъолият намудааст.

Соли 1996 – 1999 бо сабаби ивази макони зист ба муассисаи таълимии №141- и шаҳри Ваҳдат, баъдан аз соли 1999 то 2006 дар мактаби миёнаи №3 – и шаҳр фаъолияти омўзгории худро давом додааст.

Амробекова Р. соли 2006 бо даъвати роҳбари муассисаи таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба кор даъват шуда, дар ин муддат то январи соли 2019 вазифаи муовини директор оид ба таълими муассисаи номбурдаро ба душ дошт.

Айни ҳол, аз моҳи июни соли 2019 инҷониб мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.




Мудири шуъбаи ҷавонон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид

Маълумоти пурра

Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид 20-уми июли  соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2004 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 Донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст. Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, соли 2010-2011 муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, соли 2011-2013 мутахассиси Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, соли 2013-2015 мутахассиси пешбари Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, соли 2015-2016 иҷрокунандаи вазифаи мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шоҳмансур, аз соли 2016 то соли 2020 мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳоҳияи Шоҳмансур адои вазифа намудааст.

Аз 12 майи соли 2020 то инҷониб мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар корҳои ободониву созандагӣ бо сипосномаҳову ифтихорномаҳои Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назоратии маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


Мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Давлатзода Ҳангома Рустам

Маълумоти пурра

14-уми апрели соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳовадинови Академияи миллии илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 2009 ба Коллеҷи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Бӯйдоқов П.Ҷ. дохил шуда, соли 2012 коллеқи мазкурро аз рӯйи ихтисоси рӯзноманигор бо дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 2012 ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва саъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода дохил шуда, Донишкадаро соли 2015 бо ихтисоси журналисти ТВ ва радио хатм намудааст.

Баъд аз хатми ин муассисаҳо таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз соли 2012 то 2016 омӯзгори фанни забони тоҷикӣ, адабиёт ва алифбои ниёгон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и дорои парваришгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, солҳои 2016 то 2021 рӯзноманигори ҳафтаномаи “Мароми пойтахт”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  адои вазифа намудааст.

Аз 1 июли соли 2021 то инҷониб мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст.

Барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва барои таблиғу ташвиқи ватандӯстӣ ба раҳматномаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028