ГУЛАҲМАДЗОДА ЗУЛФИҚОР АҲМАД — РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР
6 — уми апрели соли 1988 дар деҳаи Паркамчии ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Солҳои 2004-2005 Литсейи техникии аграрии ноҳияи Данғараро бо ихтисоси «Оператори компютер» хатм намуда, дар баробари ин, давоми солҳои 2004-2005 ба ҳайси роҳбалад дар Осорхонаи фарҳангии ноҳияи Данғара кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2005-2010 Донишкадаи иқтисод ва молия (собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Ташкилотчии кори бонк» хатм намудааст.
Солҳои 2010-2012 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ҳамзамон роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” кор кардааст. Солҳои 2012-2013 хизмати ҳарбиро дар қисми низомии 3502 РКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон адо намудааст. Солҳои 2013-2014 мудири бахши омор ва баҳисобгирии шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур фаъолият намуда, солҳои 2014-2016 дар вазифаи муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТдар ноҳияи Шоҳмансур кор кардааст.
Аз 23-юми августи соли 2016 иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур адои вазифа намудааст
Аз 8-уми феврали соли 2017 то инҷониб дар вазифаи Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур кор ва фаъолият намуда истодааст. Ҳамзамон магистранти соли аввали факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.