Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
И.Сомонӣ — HHDT

И.Сомонӣ

Қурбонзода Убуйдулло Маҳмадалӣ — Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Маълумоти пурра

20-уми сентябри соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2004 ба Донишгохи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2009 донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст. Соли 2019 ба Академияи идоракунии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2022 Академияи мазкурро ғоибона бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст. Баъд аз хатми ин муассисаи олии таълимӣ мавсуф дар вазифаҳои зерин, аз солҳои 2009-2011 мутахассиси шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳияи Фархор, солҳои 2011-2017 сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, аз моҳи феврал то моҳи сентябри соли 2017 муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, аз моҳи сентябри соли 2017 то моҳи марти соли 2021 муовини раиси Кумиттаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, аз моҳи мати соли 2021 то моҳи июли соли 2022 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва аз моҳи июли соли 2022 то инҷониб раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  фаъолият намуда истодааст. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028