Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар Душанбе маросими мӯҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои СҲШ бахшида ба 20-солагии таъсиси он доир шуд — HHDT

Дар Душанбе маросими мӯҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои СҲШ бахшида ба 20-солагии таъсиси он доир шуд

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими мӯҳргузории нишонаҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-солагии таъсиси ин созмон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Маросими мазкур дар ҳошияи 20-солагии ҷаласаи Созмони ҳамкории  Шанхай, ки соли равон Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, доир гардида, дар он иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Аҳмад Саидмуродзода, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода, намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ ва  давлатҳои узви СҲШ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки 8 сентябр дар  маросими бошукӯҳи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз муассисони ин созмони бонуфуз мебошанд, аз ҷумла зикр карданд, ки ин созмон 20 сол пеш барои ҳифзи амнияти кишварҳои минтақа таъсис ёфта буд.  Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 20-солагии СҲШ Ҳукумати мамлакат супориш дод, ки  мӯҳр ва нишони ҷашнии ин ҷаласаи бонуфуз омода карда шавад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Марка»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи ин супориш якчанд намунаи мӯҳрҳоро омода ва барои тасдиқ пешниҳод намуд.

Мӯҳрҳои хотиравӣ дар варақаи хурд чоп шуда, аз 8 марка иборатанд. Ҳар як марка ба кишвари узви СҲШ бахшида шуда, дар он тасвири парчамҳои ин кишварҳо гузошта шудааст. Ҳамчунин дар боло рамзи 20-умин солгарди таъсиси кишварҳои узви СҲШ ҷойгир аст. Дар баробари ин, барои ин ҷашнвора 8 намуд лифофаҳои махсуси солона омода карда шудаанд.
Дар болои лифофаҳо ҷойҳои таърихии ин давлатҳо тасвир шудаанд.

Дар саммити СҲШ якчанд  ташаббусҳои анъанавӣ муаррифӣ мешаванд, ки яке аз онҳо қабули суруди СҲШ мебошад. Интизор меравад, ки он 17 сентябр пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар ҳузури cайати роҳбарони узв садо диҳад.

Ёдовар мешавем, ки 17 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 20-солагии Шӯрои сарони давлатҳои узви  Созмони ҳамкории Шанхай, ки Ҷумcурии Тоҷикистон раёсати онро бар зимма дорад, баргузор мешавад.

Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028