Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
30 СОЛИ ТАЛОШҲОИ ПИРЎЗМАНДОНА — HHDT

30 СОЛИ ТАЛОШҲОИ ПИРЎЗМАНДОНА

«Ҳарчанд ки мардуми мо баъди расидан ба ин рӯзи босаодат, яъне истиқлолу озодӣ ба имтиҳони бисёр сахту сангини таърих – ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардиданд, вале ба шарофати хиради азалии худ ба аҳли башар исбот намуданд, ки метавонанд таҳти парчами истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ сарҷамъ гардида, давлати худро соҳибӣ намоянд ва Ватани хешро бо заҳмати содиқона ободу зебо гардонанд.» Эмомалӣ Раҳмон, ш Душанбе, 7 сентябри соли 2021 Истиқлол ормони миллии ҳар миллати озодандеш ва вораста аст, ки таърих ва тамаддуни қадима дорад. Мо агар ба дарозои таърих назар афканем, миллати мо воқеан ҳам ба тамаддуни ҷаҳонӣ мероси гаронбаҳо ва чеҳраҳоеро, ки дар пешравии ин тамаддуни башарӣ саҳми бориз доранд, тақдим намудааст. Ниёгони мо ҳанўз дар аҳди қадим соҳибдавлат будаанд, ки усули давлатдориву шеваи шаҳрнишинии онҳо ба аксари қавму миллатҳои минтақа таъсиргузор будааст. Вале бар асари ҳуҷуми аҷнабиён ва тасарруфи қудратҳо империяҳои бузург ва марзҳои паҳноваре, ки онҳо идора мекарданд аз байн рафтааст. Бо вуҷуди ҳама беадолатиҳои таърих мо тавонистем муҳимтарин арзишҳо; ҳуввияти миллӣ, забон, илм ва фарҳанги худро ҳифз кунем. Ҳифзи ҳамин арзишҳои гаронмоя имкон доданд, ки мо бо роҳбаладӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба истиқлоли комили давлатӣ, ки орзуву ормонҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, соҳиб шавем. Сӣ сол фурсати кўтоҳи таърихӣ аст, ки тавонмандии як давлат ва як миллат имкон диҳад то бунёди як ҷомеаи бениёз ва орӣ аз ҳама мушкилот гузошта шавад. Агар дар муқоиса бо кишварҳое, ки таърихи тўлонии рушд доранд мо корҳои анҷом додаи худро дар давоми си соли истиқлол мавриди баррасӣ қарор диҳем, новобаста аз шароити мурраккаби сиёсӣ ва ҷангу хушунатҳои дохиливу минтақавӣ, тавонистем, ки ба пояҳои устувори як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд замина гузорем. Дар меҳвару кўшишу талошҳои мо дар давоми сӣ сол барқарори сулҳу суботи сартосарии кишвар, ваҳдати устувори миллӣ, рушди назаргири иқтисодӣ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, дар зеҳни мардум бедор намудани эҳсоси худшиносӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои милливу фарҳангии мо қарор дошт. Мо дар саргаҳи бунёди давлати навини тоҷикон қарор доштем, ки дар шароити хеле мураккаб аз мо тақозо менамуд заминаи қонунгузории милли худро, ки рушди устувори кишвар, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо он алоқаманд буд, фароҳам орем. Вале бо назардошти барҳам хўрдани низоми пешин ва фалаҷ шудани пояҳои низоми давлатдорӣ роҳандозии ин иқдом, дар як кишваре, ки гирифтори ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ аст, хеле душвор буд. Дар давоми ин марҳилаи кўтоҳ, мо комёб шудем, ки артиши худро таъсис диҳем, пули милли худро ба муомилот барорем, аз бумбасти коммуникатсионӣ ва энергетикӣ раҳоӣ ёбем, ба таъмини амнияти ѓизоӣ замина гузорем, ки аз шартҳои хеле муҳими истиқлолияти комили давлатӣ аст. Мо бо ислоҳоти фарогире, ки тақрибан дар тамоми самтҳо анҷом додем, дар бунёди як давлате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кард ва ба расмият шинохт, заминаи устувор гузоштем ва комёб шудем. Имрўз Ватани азизи мо ба сифати як кишвари соҳибистиқлол дар доираи созмону паймонаҳои байналмилалӣ фаъолияти густурда дорад ва дар ҳалли мушкилоти на танҳо Тоҷикистон, балки ҷомеаи ҷаҳонӣ низ саҳми арзишманд мегузорад. Мо бо тамоми кишварҳои ҷаҳон равобити мустақим дорем ва ба сиёсати дарҳои кушод дар заминаи ин муносибатҳо арҷ мегузорем. Дастовардҳои бесобиқае, ки дар давоми 30 сол талошҳои пайгирона таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба даст овардем, моро водор месозад, ки барои таҳкими ваҳдати милливу пойдорӣ ва устувории давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон кўшиши худро равон созем ва ба насли ҷавони кишвар як давлати пешрафта ва мутамаддинро, ки фазои ором дорад ва аз таҳдиди хатарҳои муосири ҷаҳон ҳифз шудааст, мерос гузорем. Танҳо сулҳу субот, ваҳдати милӣ ва суботи сиёсӣ метавонад кафолати рушду пешравӣ бошад. Тоҷикистон хонаи ормонии тамоми халқҳое, ки дар он зиндагӣ доранд ва аз он ба унвони Ватан ифтихор мекунанд. Тоҷикистон хонаи уммеди миллионҳо тоҷикон аст, ки бо амри тақдир берун аз хоки он зиндагӣ ба сар мебаранд. Рушду пешравии кишвари мо мояи ифтихори тамоми халқҳои Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Сӣ соли истиқлол, ки си соли роҳпаймоиҳои пирўзмандонаи миллати тоҷик ба сўи ояндаи рўшан ва дурахшон аст ба ҳамдиёрони азиз ва ҳамсафони гиромӣ муборак бод! Абдуҷаббор Азизӣ, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (Бознашр аз нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» 8 сентябри соли 2021)









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028