Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президент ва мардуми дӯсту бародари Қирғизистонро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуда, ба ҳамаи сокинони Қирғизистони ҳамсоя сулҳ, субот, рушди устувор ва дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ комёбиҳои нав орзу намуданд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат муҳиммияти пешбурди минбаъдаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистонро дар руҳияи созандагӣ таъкид намуда, ҷиҳати афзоиш додани ин раванд дар асоси саъю талошҳои муштарак изҳори умед карданд.

Ҳамзамон, рӯзномаи ҷаласаҳои дарпешистодаи сарони давлатҳо дар доираи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки қарор аст дар даҳаи дуюми моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шаванд, баррасӣ гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028