Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Узбекистони дӯст ва дар симои ӯ мардуми бародари узбекро бо ҷашни таърихӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик намуданд.

Дар ин замина Пешвои миллат дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Узбекистонро тайи солҳои сипаришуда дар роҳи рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва шукуфоӣ зикр карданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Узбекистон, инчунин якчанд  масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба вазъи имрӯзаи Афғонистон баррасӣ намуданд. Ҳамчунин масоили омодагӣ ба саммити қарибулвуқӯи СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Президентҳо ҷонибдории худро аз густариши минбаъдаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Узбекистон бар манфиати халқҳои ду кишвар, ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба тасдиқ карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028