
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27 август дар толори “Арғунун”-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир гардид.
Дар кори маҷлис Муовини Раиси ҲХДТ — Латифзода А.Қ., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе — Мирзозода И.Х., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шоҳмурод Р., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — Файзуллозода З.Ф. ва муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе — Шарофиддинзода М.Д. иштирок намуда, доир ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30-соли соҳибистиқлолӣ маърӯзаҳо намуданд.
Инчунин дар кори маҷлис аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолони ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.
Меҳмонон сараввал аз намоиши дастовардҳои кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дидан намуда, сипас бо садо додани Суруди миллӣ қисмати сиёсии маҷлис бо фарогирии зиёда аз 300 нафар иштирокчӣ оғоз гардид.
Дар қисмати сиёсӣ Муовини Раиси ҲХДТ — Латифзода А.Қ., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе — Мирзозода И.Х. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шоҳмурод Р. ба сухан баромада ҳамаи фаъолони ноҳияро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шобош намуда, дар кору пайкори минбаъдаашон муваффақияту музаффариятҳо таманно намуданд, ҳамчунин қайд карда шуд, ки Истиқлолият ба мо ба осонӣ ба даст наомадааст, балки бо ҷонфидоӣ ва заҳмату талошҳои вазнину сангин ба даст омадааст ва ин моро водор месозад, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расем ва чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.
Баъд аз суханронии маърӯзачиён, бо мақсади қадрдонӣ, ба як қатор фаъолони ҲХДТ сипоснома ва ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ва Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Пас аз фарҷоми қисмати сиёсӣ, баҳри болидахотии иштирокчиён чорабинии рангини фарҳангӣ баргузор карда шуд.