Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор! — HHDT

ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои худ дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалигардонии Барномаи Њизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 майдончаи варзишӣ ва майдонча барои бозии кӯдакон дар масоҳати 0,45га воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ сохта, мавриди истифодаи сокинон дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки сохтмони иншооти мазкур аз моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, ҳамарӯза бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ тибқи лоиҳаи Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” ҷараён дорад.

Дар сохтмони мазкур кормандони ҳизбӣ, аъзоёни пурифтихори ҳизб, собиқадорон, вакилон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе иштирок намуда, саҳми арзандаи худро гузаошта истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки кормандонии ҳизбии пойтахт ҳар рӯз баъди вақти корӣ ва рӯзҳои шанбеву якшанбе ба пурагӣ дар бунёди ин иншооти солимгардониву фарҳангӣ ҳиссагузорӣ намуда, ифтихор аз инқдомҳои созандаи ҳизб менамоянд.

Айни замон сохтмони ин иншооот дар ҳолати баитмомрасӣ қарор дошта, то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазъияти тантанавӣ супорида мешавад.

Сохтмони ин иншоот шаҳодати он мебошад, ки ҲХДТ – ҳизби созандаву бунёдкор буда, ғамхори мардум ва таъмингари зиндагии шоистаи халқи шарифи Тоҷикистон мебошад.

Иншооти мазкур дорои як майдончаи варзишӣ аз рӯйи намуди футбол, волейбол ва баскетбол, майдонча барои машқи бадан муҷаҳаз бо таҷҳизотҳои машқӣ, майдонча барои бозии кӯдакон бо насби 20 адад асбобоҳои атраксионӣ, як адад фаввора, боғи фароғатӣ муҷаҳаз бо гулу буттаҳои ороишӣ, аз ҷумла бо 120 адад дарахти арча, 10 адад нишасткурсӣ, 4 адад айвонча, 270 адад обпошак ва 33 адад чороғакҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст, ҳамчунин дорои 5 дарвоза 1450 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 1344 метри мураббаъ сабзкорӣ гардидааст, ки бисёр як макони зебову дилфиред гардидааст.

ҲХДТ чунин иқдомҳои созандагиву бунёдкориро дар ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишвар ба нақша гирифтааст, ки пайваста бо чалби аъзоёни пурифтихори худ амалӣ намуда истодааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028