Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода — HHDT

Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.Иншоот се ошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хӯрд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебо карда шудааст.Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.Зимни ифтитоҳи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои куҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буданд. Дар мактаби куҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуд.Дар ин росто ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи хонандагон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва ҳавасмандии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замон зарурати бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро тадриҷан дучанд месохт.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро тӯҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкони созгори таълиму тарбия, омӯзгорон бо ҳисси баланд барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш карда, дар ин росто ояндасозони ватан низ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба омӯзиши илмҳои замон низ бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028