“Эмомалӣ Раҳмон: истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ,таҳкими Ваҳдат ва рушди давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Таҳти ин унвон имрӯз, 20-уми июн дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҳузур доштанд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода оғоз бахшида, иброз дошт, ки тавре дар Барномаи ҳизби мо барои солҳои 2020-2025 зикр шудааст, вазифаи ЊХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюл ва хатарҳои терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки бањри тањкими истиќлоли давлатї, суботу амнияти миллї, вањдати миллї, ягонагии халќи Тољикистон ва рушди љомеаи шањрвандї њамеша талош намояд.

— Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шањрванди ватандўсти кишвар, бахусус аъзои Њизби Халќии Демократии Тољикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз њама арзишњо гузоранд,-зикр кард И. Мирзозода дар идома.

Сипас, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшан Махсумзод ва сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Салимзода атрофи мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ маърӯза карданд.

Гуфта шуд, ки саҳифаҳои пурифтихори давлатдории навини тоҷикон гувоҳ аст, ки таърих дар ҷойи холӣ пайдо намешавад ва онро шахсиятҳои бузург як ҷо бо миллатҳои бузург меофаранд. Ваҳдати миллии тоҷикон низ натиҷаи заҳмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маърузачиён иброз доштанд, ки роҳи пурифтихоре, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии собитқадамонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паймудааст, ба садсолаҳо баробар буда, моҳияти ин сабақи таърихӣ бояд ба наслҳои имрӯзаву оянда ҳамчун раҳнамои зиндагӣ омӯзонида шавад.

Ба андешаи масъулин, таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сулҳофар ва Президенти маҳбуби миллат дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастаанд.

Дар охири ҳамоиш як қатор фаъолон барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва дастовардҳои арзанда бо Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028