Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана — HHDT

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбана

11.06.2024

http://www.president.tj/node/33626

11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд.

“Тоҷикистон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва “Рӯзномаи 2030”-и онро дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва мушкилоти ҷаҳони муосир муҳим медонад” изҳор доштанд дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ҳама ниҳодҳои он изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дастгирии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмон дар самти дастрасӣ ба нерӯи устувор, рушди кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ зарур шумурда шуд.

Нақши Комиссия дар иҷрои Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 назаррас арзёбӣ гардид.

Дар ин зимн дар доираи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамлу нақли бисёрҷанба, рушди инфрасохтори он ва таъсиси марказҳои логистикии минтақавӣ амри муҳим дониста шуд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, низоми зеҳнии нақлиётӣ ва тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028