Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер — HHDT

Мулоқот бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер

10.06.2024

http://www.president.tj/node/33596

10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд баррасӣ гардид.

“Тоҷикистон Бонки исломии рушдро яке аз шарикони муҳими худ медонад ва мо аз ҳамкории судманд бо он қаноатмандем”, изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки Бонки исломии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон то имрӯз дар ҳаҷми 916 миллион доллар маблағгузорӣ намудааст. Ҳоло аз ҷониби Бонк дар ҳаҷми 237 миллион доллар 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, обёрӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ мешавад.

Ҷонибҳо зимни суҳбат масъалаҳои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, ташкили марказҳои логистикӣ, рушди сайёҳӣ, бонкдорӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва идомаи ислоҳотро муҳокима карданд.

Дар ин робита Сарвари давлати мо ба роҳбарияти бонк барои иқдомот ҷиҳати маблағгузории татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” изҳори сипос намуданд.

Дар рафти мулоқот алоқамандии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкориҳо бо Бонк дар доираи Стратегияи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2023-2026, Созишнома бо Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Барномаи “Дастгирии стратегияи миллии рушди маориф” таъкид гардид.

Дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим истифода аз “энергияи сабз”, рушди “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” дар соҳаҳои гуногуни иқтисод зарур шумурда шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028