Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ — HHDT

Гузоштани санги асос ба оғози корҳои сохтмонии панҷ бинои истиқоматии 16-ошёна дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ

28.05.2024

http://www.president.tj/node/33526

28 май дар маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо гузоштани санги асос ба сохтмони 5 бинои истиқоматии 16-ошёна бо 840 манзили истиқоматӣ барои афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки биноҳо ҳар кадоме шакли муосир дошта, ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта хоҳанд шуд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми биноҳои истиқоматӣ марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, муассисаи томактабӣ, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ сохта мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар ҳавлии биноҳои 16-ошёна, ки барои хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ шудааст, ҳамчунин зеристгоҳ, дегхона, майдончаҳо барои бозии кӯдакон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Аз рӯйи нақша, дар ин биноҳо барои зисту фароғати хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ ва оилаҳояшон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад ва масъулияти онҳоро дар иҷрои вазифаҳояшон боз ҳам баландтар хоҳад намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат масъулинро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин биноҳо бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ сохта шаванд то ки солҳои зиёд ба хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат намоянд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028