Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон — HHDT

Анҷоми сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

23.05.2024

http://www.president.tj/node/33469

23 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки рӯзҳои 22-23 май ҷараён дошт ба анҷом расид.

Зимни сафари давлатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвар мулоқот карда, аз рӯйи натиҷаҳои музокирот 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Руйдоди муҳими таърихии ин сафар аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расидани Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мебошад.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Ҳайдар Алиев меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақом ва шахсони расмии Ҷумҳурии Озарбойҷон самимона гусел намуданд.

Нимаи дуюми рӯзи 23 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Боку ба Ватан баргаштанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028