Оғози сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон

22.05.2024

http://www.president.tj/node/33442

22 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди давлатӣ вориди шаҳри Боку — пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, роҳрав бо қолини сабз густурда шуд ва аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028