Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева — HHDT

Мулоқот бо Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиева

16.05.2024

http://www.president.tj/node/33410

16 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) хонум Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ шуд.

“Мо саҳми Хазинаи байналмилалии асъорро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон қадр менамоем”,-таъкид доштанд дар оғози мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, нигоҳдории суботи макроиқтисодӣ, дастгирии тавозуни пардохт, таъмини устувории захираҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум табодули андеша карданд.

Роҳҳои тобовар намудани иқтисоди Тоҷикистон ба таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла шиддати хавфҳои геосиёсӣ, нооромиҳои минтақавӣ ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Барои устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвари мо идомаи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои судовари саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ андешаронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.

#Tajikistan#EmomaliRahmon#IMF









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028