Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин — HHDT

Мулоқот бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин

26.04.2024

http://www.president.tj/node/33249

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ватикан бо Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат масоили таҳкиму густариши ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Котиби давлатии Ватикан барои истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Аз оғози марҳалаи нави инкишофи муносибатҳо байни Тоҷикистону Ватикан изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Масоили таъмини сулҳу субот, таҳаммул, ҳамоҳангӣ ва таҳкими муколамаи тамаддунҳо аз мавзуъҳои меҳварии суҳбат буд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028