Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия — HHDT

Мулоқот бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия

25.04.2024

http://www.president.tj/node/33236

Дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Италия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, воқеъ дар ин кишвар мулоқоти самимӣ доир карданд.

Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ҳолу аҳвол, шароити таҳсил ва корашон пурсон шуданд.

Президенти кишвар доир ба дастгирию ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳсозии шароити будубоши ҳамдиёрони бурунмарзӣ, бахусус ҷавонон, ки ба омӯзиши илму ҳунар дар хориҷи кишвар машғуланд, андешаҳои ҷолиб баён карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донистани забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани нозукиҳои техникаю технологияи муосирро амри зарурӣ номиданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар ва ҳамкорӣ бо кулли ҷаҳон ҳамасола барои идомаи таҳсили ҷавонон квотаҳо ва барои муҳоҷирони корӣ санадҳои муҳими танзимкунандаи будубоши онҳо таҳия ва қабул мегардад.

Дар рафти мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ва дӯст доштани Ватан даъват намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028