
ОЗМУНИ ФАРҲАНГӢ – МАЪРИФАТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ОИЛАИ НАМУНАВӢ” Ё “ОИЛАИ БЕҲТАРИНИ ҶАВОН”
Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 29 апрели соли 2021, №31 озмуни фарҳангӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Оилаи намунавӣ” ё “Оилаи беҳтарини ҷавон” дар ду марҳила ноҳиявӣ ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Озмун аз шартҳои зерин иборат мебошад:
- Муаррифӣ (1 дақиқа);
- Бахши рӯзгордорӣ: Омода намудани навъи таом барои нишасти нисфирӯзӣ. Эзоҳ: иштирокчиён таомро дар хона тайёр карда, дар озмун ба ҳайати ҳакамон пешниҳод менамоянд (пешаки навори видеои омода карда шавад), (2 дақиқа барои ҳайати ҳакамон);
- Бахши маънавӣ: Саволу ҷавоб вобаста ба масъалаҳои оиладорӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ғайраҳо (4 дақиқа);
- Бахши фароғатӣ: Қироати шеър, сароидани суруд, аз ҷумла аллаи модар, иҷрои рақс ва ғайра (4 дақиқа);
- Бахши ҳаҷвӣ: ба иштирокчиён саволнома пешниҳод мешавад, бояд ба таври шухиомез ҷавоб гардонанд (3 дақиқа);
- Бахши фарҳангӣ: Иҷрои саҳнаи тарбиявӣ вобаста ба маърифати оиладорӣ бо иштироки аъзои оила (7 дақиқа);
- Бахши андарзӣ: Иштирокчиён метавонанд ба дигарон суханони пандомез ва насиҳат намоянд, инчунин вазифаҳои мард ва занро дар оила муайян намуда, ба дигарон ироа созанд (1 дақиқа).
- Бахши андарзӣ: Тасвир ва тавсифи китобҳои хондашуда нисбат ба оила ва оиладорӣ бо иштироки аъзоёни оила” (5 дақиқа).
- Бахши фарҳангӣ: Аз ҷониби аъзоёни оилаҳо пешниҳод намудани малакаҳои корҳои дастӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (5 дақиқа).
Дар ин росто дирӯз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар он оилаи Обидовҳо мақоми “Соҳибхирад”, оилаи Назриевҳо мақоми “Соҳибмаърифат”, оилаи Мирзоназарҳо ва оилаи Муъминовҳо мақоми “Оилаи намунавӣ” соҳиб гашта, сазовори роҳхат ба даври ниҳоӣ- ҷамъбастӣ гардид. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд.