Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов — HHDT

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

11.03.2024

http://www.president.tj/node/32936

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар вохӯрӣ маҷмуи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорию шарокати ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ки кори худро дар Душанбе оғоз мекунад, мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Бо ишора ба афзоиши тиҷорати дуҷониба, ки ҳаҷми он дар соли гузашта ба зиёда аз 504 млн. доллари амрикоӣ расида буд, таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ба маротиб зиёд намудани ин нишондод мавҷуд аст. Дар ин зимн таваҷҷуҳи зиёд ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, аз ҷумла тавлиди “нерӯи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” зоҳир гардид.

Баррасии роҳҳои густариши робитаҳои илмию техникӣ ва фарҳангию маърифатӣ низ аз мавзӯъҳои меҳварии суҳбат буд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028