Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои ҳизбӣ — HHDT

Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои ҳизбӣ

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои ҳизбӣ пешниҳод гардидаанд, мулоқот намуд.

Бояд зикр кард, ки бо пешниҳоди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷавонони фаъолу арзанда ба вазифаҳои сохтории ҳизбӣ пешниҳод гардиданд. Зимни суҳбат иброз гардид, ки интихоби кадрҳои ҷавон барои ташаккули ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Азизова Париноз — раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, Алибеков Ансор — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ, Бозоров Рустам — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, Ҷалилова Сайрамбӣ — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, Пулодова Мунзифа — раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, Бахтиёр Султонӣ — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, Шерматова Фирӯза — раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, Саидзода Мухтор — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт интихоб шуданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суҳбат бо кадрҳои тозаинтихоб ба онҳо барори кор хоста, зикр намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси худ ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат диққати аввалиндараҷа дода, ташаббусҳои созандаи ҷавононро пайвата дастгирӣ менамояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва неруҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ-ҷавонон, ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028