Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6260
МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ИВАН САО — HHDT

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ИВАН САО

ш.Душанбе, 28.02.2024. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ, Иван Сао мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Вобаста ба самти фаъолияти ширкат ва имкониятҳои ду кишвар, Раиси шаҳри Душанбе ба роҳ мондани ҳамкориро дар самти рушди мошинсозӣ дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ карданд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти банду басти микроавтобусҳои барқӣ, воридоти аккумуляторҳо барои воситаҳои нақлиёти барқву дигар қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои нақлиётии боркаши барқии то 5 тонна ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо иброз гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028