Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Чин ҳамсояи нек ва дӯсти самимии Тоҷикистон аст — HHDT

Чин ҳамсояи нек ва дӯсти самимии Тоҷикистон аст

Дар доираи ташрифи ҳайати намояндагии Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон,санаи 22 феврал дар толори меҳмонхонаи “Хаятт Риҷенси” мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин, муовини якуми сарвари Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин ҷаноби Се Чунтао доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Абдуҷаббор Азизӣ иброз доштанд, ки Чин ҳамсояи бузурги мо ва кафили сулҳу субот дар минтақа маҳсуб ёфта дар солҳои охир равобити шарикии стратегии ҳарду кишвар ба сатҳи сифатан нав арзёбӣ мегардад.

Тоҷикистон ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Чин аҳаммияти бузург медиҳад. Ин аст, ки равобит миёни ду кишвар босуръат рушд карда, намунаи равшани ҳамсояи хайрхоҳ, дӯстиву ғамхорӣ ба хотири сулҳу субот дар минтақа мебошад.

Зикр гардид, ки тақвият ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мақсад мувофиқ буда, умеди моро барои боз ҳам устувортар гаштани ин ҳамкориҳо қавитар мегардонад.

Абдуҷаббор Азизӣ дар ҷараёни мулоқот бо далелу аркон аз ҳамкориҳои судманди ҳизбї ёдовар шуда даъват ба амал оварданд, ки дар ҷаҳони муосир,хоса дар ин замони пуртаззоду пурташаннуҷ нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди муносибатҳо муҳиму меҳварӣ буда, дар доираи иҷрои шартномаи ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати омода намудани кадрҳои ҳизбӣ дар давоми солҳои 2008-2020 зиёда аз 200 намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар карданд ва бо кору фаъолияти кормандони Ҳизби Коммунисти Чин дар сатҳҳои гуногун аз наздик шинос шуда, табодули таҷриба намудаанд.

Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз ҷумла Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ба Чин даъват шуда, ба машғулиятҳои омӯзишӣ фаро гирифта мешаванд.

Роҳбари аъзои Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Чин, муовини якуми сарвари Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин ҷаноби Се Чунтао дар мулоқот иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин шарики стратегии Чин маҳсуб ёфта, дар чанд соли охир ҳамкориҳо миёни ду кишвари дӯст дар самтҳои энергетика, нақлиёту логистика, саноат ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ тавсеа пайдо мекунад ва таҳкими бештари ҳамкориҳои ҳизбӣ миёни ду кишвар ба мақсад мувофиқ аст.

Ҷаноби Се Чунтао ҳамчунин зикр намуд, ки Мактаби ҳизбии назди Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Чин минбаъд низ омодааст, ки ҷиҳати такмилу камоли кадрҳои ҳизбӣ ва табодули таҷрибаи ҳамдигар курсҳои омӯзишӣ ташкил ва баргузор намояд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди тақвият бахшидани ҳамкориҳо миёни нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- “Минбари халқ” ва нашрияи марказии Ҳизби Коммунисти Чин “Жэнмин Жибао” табодули назар карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028