Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ташрифи ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — HHDT

Ташрифи ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 феврали соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Хитой бо барномаи корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳайатро, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ва муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор пешвоз гирифта, онҳоро бо ҷабҳаҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамкориҳои байналмилалию байнидавлатӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Халқии Хитой шинос намуданд.

Зимнан, ҷиҳати ошноии ҳайати меҳмонон бо таърих ва фарҳанги ғании халқи тоҷик, ҳамзамон шиносоӣ бо маҳорати баланди санъати ҳунармандӣ ва меъмории мардуми тоҷик аз «Кохи Наврӯз» дидан намуданд. Зимни боздид меҳмонон ба тарҳи бино ва ороиши он бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва баҳои баланд доданд. Санъати баланди кандакориҳо дар чӯб, мусаввараҳо ва дигар шоҳкориҳои меъморӣ, ки таърих, урфу одат, расму оин ва маданияту фарҳанги волои миллати тамаддунофари тоҷикро ифода мекунанд, диққати меҳмононро ба худ ҷалб намуд.

Бояд ёдовар шуд, равандҳое, ки дар мамлакати ба мо дўсту ҳамҷавор-Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҳизби бародарии Коммунистии Чин рўйи кор меоянд, барои мо ҷолибият доранд ва мавриди омўзиш ҳастанд.

Сафари кории ҳайати намояндагии Ҳизби Коммунистии Хитой ба Тоҷикистон идома дорад.

Бояд гуфт, ки ҲКХ, самти пайвастаи худро баҳри боло бурдани некуаҳволии мардум ҳифз карда, дар ин ҷода, вазъи тағйирёбанда дар кишвар ва ҷаҳонро баҳогузорӣ карда, ба пеш ҳаракат мекунад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028