Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда” — HHDT

Иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии “Бозиҳои оянда”

21.02.2024

http://www.president.tj/node/32740

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот, ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дар воқеъ ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд.

Бояд таъкид дошт, ки дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳайати 35 варзишгар иштирок доранд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028