21.02.2024
http://prezident.tj/node/32732
21 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд.
Дар назар аст, ки зимни сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” иштирок намуда, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва роҳбарияти Ҷумҳурии Тотористон мулоқотҳо анҷом медиҳанд.
Дар вохӯриҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар ва минтақаҳои онҳо баррасӣ ҳоҳад шуд.