ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ВОБАСТА БА ТОЗАГИВУ ХУРРАМГАРДОНӢ ВА ИСТИФОДАИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ВОХӮРӢ ДОИР ГАРДИД

14-уми феврал дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 77-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба тозагиву хуррамгардонӣ ва истифодаи майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи мазкур доир шуд.

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шањри сабз” табдил додани пойтахт идомаи мантиќии сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат мебошад. Зеро иќдоми “шањри сабз” агар аз як тараф, бо ривољи фарњанги экологии њар як шањрванди Душанбе сабаб шавад, аз тарафи дигар, ба баландшавии сатњи донишњои экологии љавонон, баланд шудани завќи зебоипарастии њар як сокини пойтахт заминањои воќеї мегузорад.

Масъулин қайд карданд, ки иштироки фаъолонаи њизбиёни пойтахт дар шанбегиву ҳашарҳои ҳарҳафтаина дар баробари кормандони касбу кори гуногун ва сокинон љонибдорї аз ин иќдом аст, ки онњо на танњо бо шинондани дарахтон, балки бо љамъоварии партов ва тоза намудани муњити атроф сањми худро барои ба “шањри сабз” мубаддал гардонидани шањри Душанбе мегузоранд.

Дар охир аз масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, кормандони раёсати истифодабарии роҳҳо ва сокинони ноҳияи Фирдавсӣ даъват ба амал оварда шуд, ки шурӯъ аз назди хонаву коргоҳи худ ҳар рӯзро барои тозаву озода нигоҳ доштани пойтахт бахшанд ва майдончаҳои варзиширо, ки дар ҳошияи ҳидоятҳои раҳнамунсози Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳмату талошҳои Раиси шаҳри Душанбе бо тарҳу намои муосир бунёд шудаанд, самаранок истифода баранд.

Бояд ташаккур дод, ки ҳадаф аз вохӯриҳои мазкур иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17-уми январи соли 2024 тасдиқ гардиданд, мебошад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028