Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

Имрӯз, 9 феврали соли 2024 дар шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати Муовини якуми Раиси ҲХДТ, Абдуҷаббор Азизӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, ҳамчунин аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳ ва кормандони масъули Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроия дар ш.Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Маҷлисро муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ оғоз намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи маҷлис, ки фарогири 7 масъала, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда буд, шинос намуданд.

Нахуст, мутобиқи рӯзномаи маҷлис гузориши муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асрор Латифзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо дар марҳилаи минбаъда шунида шуд. Аз ҷумла, иброз гардид, ки дар соли 2023 фаъолияти сохторҳои ҳизбӣ бештар хусусияти ташвиқотию тарғиботӣ касб намуда, дар баробари баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ–интихоботии ташкилотҳои ибтидоӣ ва корҳои ташкилию идорӣ ба тарғиби чорабиниҳо баҳри истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи нишондодҳои барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон равона гардид.

Дар музокира ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ВМКБ, Раҷабова З., раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Суғд, Каримзода М., раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷ., раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мирзозода И., раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Аҳмадзода О., раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ш.Турсунзода, Ҳабибуллозода Н. ва раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Лахш, Неъматов Н. баромад намуданд.

Тибқи масъалаҳои дуюм ва сеюми маҷлис оид ба Нақшаи кори КИМ ҲХДТ барои нимсолаи якуми соли 2024 ва Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аз рӯи масъалаи чорум дар бораи баргузории курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд.

Тибқи масъалаи панҷум Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки таҷлили ҷашни мазкур барои ҳамаи аъзо ва ҷонибдорони ҳизб як санаи муҳим ва хотирмон маҳсуб меёбад. Ҳамзамон моро водор месозад, ки ба таърихи таъсисёбӣ ва марҳилаҳои рушди ин ниҳоди бузурги сиёсӣ назар намоем ва роҳи тайнамудаи онро бори дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем ва нақши онро дар эъмори ҷомеаи демократӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, густариши суботу амният ва ваҳдати миллӣ тақвият бахшем.

Вобаста ба масъалаҳои шашум ва ҳафтум, ки хусусияти ташкилӣ доштанд, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар интиҳо иброз гардид, ки ҳизби мо зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат нақши намоён ва барҷаста дошта, чун ҳамешагӣ дар ноил гардидан ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ саҳмгузор мебошад.

Бо итминон иброз гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолияти худро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда низ, дар татбиқи ғояҳои созанда – идеяҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хосса анҷом хоҳанд дод.

Маркази таҳлил ва иттилооти КИМ ҲХДТ









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028