8-уми феврал вохӯрии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон ва кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур доир гардид.
Ҳадаф аз вохӯрӣ иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17-уми январи соли 2024 тасдиқ гардиданд, мебошад.
Дар вохӯрӣ, ҳамзамон роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Масъулин таъкид карданд, ки 4 сол муќаддам, 23-юми сентябри соли 2020 Раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Раиси шањри Душанбе, муњтарам Рустами Эмомалї аз тамоми сокинони шањри Душанбе даъват ба амал оварда буданд, ки барои ба «шањри сабз» табдил додани пойтахти кишвар сањмгузор бошанд ва њамчун нишони њамраъйї њар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими нињолшинонї дар назди манзили зисташ як дарахти њамешасабз шинонда, онро парвариш намояд.
— Аз ин рӯ, мо бори дигар ба назди шумо омада аз шумо дар пайравӣ ба ин даъвати саривақтӣ ва ҳамагонӣ хоҳиш менамоем, ки ба ин иќдом шарик шавед, то мову шумо тавонем дар якҷоягӣ шањри худро сарсабз гардонем ва барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дўст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро меомўзем,-зикр гардид дар вохӯрӣ.
Қобили қайд аст, чунин мулоқоту вохӯриҳо бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сино доир гардида, ба масъулини ноҳияи Фирдавсӣ дар нақша аст.