Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ҲАМКОРИҲО БО ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ТАВСЕА МЕЁБАНД — HHDT

ҲАМКОРИҲО БО ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ТАВСЕА МЕЁБАНД

Дар доираи ҳамкориҳои тарафайн рӯзи 7 феврали солӣ ҷорӣ мулоқоти муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзси Шумин доир гардид.

Зимни суҳбат Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки натиҷаи ҳамкориҳои тарафҳо боварии моро ба ояндаи дурахшон боз ҳам устувортар мегардонад ва ин раванди муносибатҳои байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати бемислу монандро ба миён хоҳанд овард. Ҳамчунин иброз доштанд, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар рушди муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад.

Дар суҳбат қайд гардид, ки муддати зиёда аз 30 сол муносибатҳо байни мамлакатҳои мо марҳила ба марҳила мустаҳкам гардида, ба зинаи нави ташаккул баромаданд. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил ва эҳтирому эътимод бомуваффақият инкишоф меёбанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо дастовардҳои назарраси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф баланд арзёбӣ намуда, зикр доштанд, ки ин муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хитой ба манфиатҳои дарозмуддати ду кишвар ва мардуми онҳо ҷавобгу буда, ба таҳкими муносибатҳои тиҷоратӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва дипломатӣ мусоидат менамояд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028