
Моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдомҳои тозагиву ободонӣ ва ниҳолшинонӣ даст бизанем ва майдончаҳои варзиширо, ки аз рӯйи талаботи муосири шаҳрнишинӣ бо заҳматҳои зиёд бунёд шудаанд, самаранок истифода барем.
Ин матлаб 7-уми феврал дар вохӯрии навбатии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохтори ҳизб дар ноҳияи Сино ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17-уми январи соли 2024 тасдиқ гардиданд, бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибон ва кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино зикр гардид.
Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки тозагиву хуррамгардонии пойтахт кори як сохтор ё ташкилоту муассиса набуда, балки вазифаи ҳамагонӣ, махсусан вазифаи сокинони сарбаланди хонаи умеди мову шумо – шаҳри дилорои Душанбе мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи мо уҳдадорем, ки дар ин маврид тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ намоем.
Дар охир даъват ба амал оварда шуд, ки мову шумо бояд бо истифода аз ҳавои муносиб ҳар рӯзро барои тозаву озода кардани манзилу кошонаи худ, кӯчаву маҳаллаҳои зист, ободу зебо ва озода гардонидани шаҳри азизамон ва тарбияи фарзандонамон самаранок истифода бурда, дар ободонию созандагӣ, тозагиву покизагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани майдончаҳои варзиш саҳми арзишманди худро гузорем.
Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардида, ба масъулини ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии пойтахт дар нақша аст.