ИБРОҲИМ МИРЗОЗОДА: ТОЗАГИВУ ОЗОДАГӢ ВА ХУРРАМГАРДОНИИ ПОЙТАХТ КОРИ ҲАМАГОНӢ АСТ…

6-уми феврали соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17-уми январи соли 2024 тасдиқ гардиданд, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, масъулини майдончаҳои варзишӣ ва раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи мазкур вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ҳадаф аз вохӯриро иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “шаҳри гулрез” ва “шаҳри сабз” табдил додани пойтахт ва тозавгиву озодагӣ ва хуррамгардонии онро кори ҳамагонӣ маънидод кард.

Дар идома муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Наргис Шарифзода ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода иброз доштанд, ки пойтахти кишварамон – шаҳри дилорои Душанбе хонаи умеду ормонҳои тамоми тоҷикони дунё мебошад. Бо амри тақдир мову шумо хушбахт аз онем, ки сокинони сарбаланди он ҳастем ва дар корхонаву коргоҳҳои мухталиф ва самтҳои гуногун ифои вазифа дорем. Аз ин лиҳоз, мо дар баробари хушбахтӣ масъулияти бузург низ дорем. Зеро тозаву озодагӣ ва сарсабзу хуррамии он аз мову шумо ҳам вобастагии амиқ дорад.

Дар охир аз масъулин аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдомҳои тозагиву ободонӣ ва ниҳолшинонӣ даст бизананд ва майдончаҳои варзиширо, ки аз рӯйи талаботи муосири шаҳрнишинӣ бо заҳматҳои зиёд бунёд шудаанд, самаранок истифода баранд.

Ҳамзамон, дар ин рӯз, чунин як вохӯрӣ бо кормандони раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи мазкур доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқоту вохӯриҳо бо масъулини кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ, масъулини майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсии пойтахт низ дар назар дошта шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028