16-уми январи соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот” Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб, раисони як қатор кумитаю ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе (И. Мирзозода) оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, тасдиќи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, аз 28-уми декабри соли 2023, дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аз 8-уми декабри соли 2023 ва тасдиќи Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи якуми соли 2024 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нахуст, мутобиқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда гузориш дод.
Тавре аз гузориш бармеояд, соли 2023 барои ташкилотҳои ҳизбии пойтахт соли иҷрои сарбаландонаи рисолат ва масъулият буд. Зеро дар ин сол тамоми аъзою фаъолони ҳизб, шурӯъ аз аъзои раёсату кумита, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ ва кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор корҳои мушаххасро ба сомон расонида, ба ин васила саҳми худро дар боло бурдани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе гузоштанд.
Гуфта шуд, ки айни ҳол шумораи аъзои ҳизб дар ҳудуди шаҳри Душанбе 82 536 нафар мебошад, ки онҳо дар 994 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муттаҳид шудаанд. Танҳо соли гузашта 9685 нафар шаҳрванд ба сафи ҳизб қабул гардида, 61 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки танҳо соли 2023 ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии назди кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳриву ноҳиявӣ 819 нафар сокини шаҳри Душанбе ба таври хаттиву шифоҳӣ муроҷиат намуд, ки аз ин теъдод талаботи 788 нафар шаҳрванд дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” қонеъ гардонида, талаботи 31 нафари он дар баррасии сохторҳо қарор дорад.
Ҳамзамон, дар ин давра ҳизбиёни пойтахт бо дастгирии кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон ва шахсони эҳсонкору хайрхоҳ ба 4682 нафар бепарастору ниёзманд, ятими кулл ва собиқадори ҷангу меҳнат кумакҳои моддиву молиявӣ расониданд, ки маблаѓи умумии он 1872800 (як миллиону ҳаштсаду ҳафтоду ду ҳазору ҳаштсад сомонӣ)- ро ташкил медиҳад.
— Анъанаи неки дигаре, ки аз дастгириҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ба 76 нафар шахси ниёзманд ва маъюб додани “нафақаи ҳизбӣ”-и ҳармоҳа аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аст, ки дар муќоиса ба соли гузашта 66 нафар зиёд шудааст,-гуфт И. Мирзозода.
Дар гузориш қайд гардид, ки ташкилотҳои ҳизбии пойтахт дар доираи ҳидоятҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани шаҳри Душанбе, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии пойтахт ҳар ҳафта шанбегиву ҳашарҳои дастҷамъиро ташкил карда, дар рафти онҳо 8075 бех ниҳоли ороишиву сояафкан шинониданд.
Ҳамзамон, вобаста ба ташвиқу тарғиби нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамалкат, қонунҳои миллӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, фарҳанги шаҳрнишинӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ сохторҳои шаҳрии ҳизб миёни сокинон 17201 мулоқоту вохӯрӣ, хониши сиёсӣ ва силсилаи чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳиро баргузор намуданд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 4580 чорабинӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дод.
Мавсуф иброз дошт, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф, аз аҳамияти хосса касб намудани Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шаҳодат диҳад, аз ҷониби дигар, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди самтҳои стратегии давлат дар ояндаи наздику дур мебошад. Паём ҳамчун ҳуҷҷати барномавии давлатӣ, ки сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат бори нахуст дар он ифшо мегардад, аз маркази диққати аҳолии мамлакат дур буда наметавонад.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода атрофи нуктаҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат ибрози андеша намуда, дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷиҳати шинонидани дарахтони ороишиву ҳамешасабз ва бештар намудани корҳои ободонию созандагӣ ба самъи ҳозирин расонд.
Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода зимни баромади худ ба муҳимтарин масъалаҳои дохилиҳизбӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сатҳи баргузории чорабиниҳо, саривақт доир намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷоннок намудани кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ, беҳтар намудани базаи моддиву техникии ҳизб, бартараф намудани мушкилиҳо дар самти вориднамоии аъзои ҳизб ба “Махзани электронӣ”, иштироки ҳатмии раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар маҷлисҳои ҳизбӣ, омодагиҳо ба интихоботи парлумонии соли оянда, ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан бештар намудани сафи гирандагони нафақаи ҳизбӣ, сафарбар намудани кормандони касбу кори гуногун барои боздид аз ҷараёни корҳо дар НБО “Роғун”, ташкили намояндагиҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар назди кумитаю ташкилотҳои ибтидоӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои мухталиф ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷашн гирифтани 30-солагии Рӯзи таъсисёбии ҳизб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, аз аъзои ҳизб тақозо кард, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода аз сатҳи баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ дар пойтахт истиқболи гарм намуда, дар маҷмӯъ, аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар соли 2023 изҳори қаноатмандӣ намуд.
Дар охир аъзои Кумита масъалаҳои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аз 8-уми декабри соли 2023 ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо барои нимсолаи якуми соли 2024 муҳокима карданд.
Ҳамин тариқ, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои далдор қабул намуд.