Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Расадхонаи шаҳри Теҳрон шинос шуданд — HHDT

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Расадхонаи шаҳри Теҳрон шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 09.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти Расадхонаи шаҳри Теҳрон шинос шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Расадхонаи шаҳри Теҳрон дар ҳудуди маҷмааи Бурҷи милод ҷойгир буда, маркази бузурги маълумотҷамъоварии идоравӣ барои ниҳодҳои давлатии шаҳр, аз ҷумла аъзои Шурои шаҳри Теҳрон мебошад.

Дар Марказ маълумот бо истифода аз аксҳои фазоии шаҳрдории Теҳрон, харитаи сеандозаи Теҳрон, системаи харитасозии Теҳрон, инфрасохтори технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаи шаҳрӣ таҳия ва пешниҳод мегардад.

Тамоми маълумот оид ба шаҳри Теҳрон дар як нуқта мутамарказ шуда, ба таври онлайн ҷамъоварӣ ва мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода мешавад.

Дар асоси маълумоти пешниҳодшуда ниҳодҳои ваколатдор ҷиҳати қабули қарорҳои миёнамуҳлату дарозмуддат, аз ҷумла дар масъалаҳои буҳронӣ тасмим мегиранд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028