Боздид аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург

26.12.2023

http://www.president.tj/node/32181

26 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз маконҳои таърихии шаҳри Санкт-Петербург, аз ҷумла осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск”, қасри Екатерининаи осорхона-мамнӯъгоҳи “Дарбори подшоҳӣ” ва Қасри бузурги Петергофи осорхона-мамнӯъгоҳи “Петергоф” боздид намуданд.

Дар саҳни осорхона-мамнӯъгоҳи “Павловск” Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифтанд.

Ба сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба таърихи осорхона-мамнӯъгоҳҳо ва санъати меъмории онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, намоиши фарҳангӣ баргузор шуд.

#ЭмомалӣРаҳмон#Тоҷикистон#Русия#Путин#СанктПетербург#ИДМ#ЭмомалиРахмон#Таджикистан#СНГ#Павловск#Петергоф#EmomaliRahmon#Tajikistan#Russia#SaintPetersburg#pavlovskmuseum#CIS#Putin#Tajiks#Тоҷикон#Таджики









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028