25.12.2023
http://www.president.tj/node/32175
25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Русия самимона истиқбол гирифтанд.
#ЭмомалӣРаҳмон#Тоҷикистон#Русия#СанктПетербург#ИДМ#ЭмомалиРахмон#Таджикистан#СНГ#Пулково#EmomaliRahmon#Tajikistan#Russia#SaintPetersburg#Pulkovo#CIS#Tajiks#Тоҷикон#Таджики