Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ доир гардид — HHDT

Имрӯз дар Душанбе мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ доир гардид

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро таҳти роҳбарии Директори минтақавии Бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хонум Татяна Проскурякова ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ин созмони бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Маҳаки асосии вохӯриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил доданд. Дар вохӯрӣ ҷаноби Озан Севимли ба ҳайси Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.Ҷонибҳо раванди татбиқи Лоиҳаи нави обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанберо мусбат арзёбӣ карданд.Дар сурати сари вақт амалӣ намудани лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра бурда, талафоти оби нӯшокӣ кам мегардад ва шумораи садамаҳо дар шабакаи обрасонӣ ва корезӣ коҳиш меёбад.Иштирокчиёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таъминоти оби нӯшокӣ ва раъфи партовҳо атрофи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва корезӣ табодули назар намуданд.Дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯоти марбут ба ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки ҷаҳониро дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» баррасӣ намуданд.Иштирокчиёни вохӯрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро дар соҳаҳои барои тарафайн мусоид идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.Дар мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардид. АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028