Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон — HHDT

Ифтитоҳи Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон

14.12.2023

http://www.president.tj/node/32093

14 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии “Алфа”-и Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав дорои ҳуҷраҳои кории кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, синфхонаҳо барои омӯзиш, толори маҷлис, ҷойи хоб, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ мебошад.

Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ аз инфрасохтори муосири соҳавӣ иборат буда, дар он барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Бинои воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористӣ шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро барои хизмати софдилона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028