Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» дар ноҳияи Кӯшониён — HHDT

Шиносоӣ бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» дар ноҳияи Кӯшониён

14.12.2023

http://www.president.tj/node/32094

14 декабр дар ноҳияи Кӯшониён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи корхонаи истеҳсоли мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷми ҶДММ «Вахш саноат» шинос шуданд.

Корхонаи мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бунёд мешавад.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти дар оянда дар корхона истеҳсолшаванда муаррифӣ гардид.

Бо бунёди корхона 30 номгӯйи мототсиклҳои дучарха ва сечархаҳои гуногунҳаҷм истеҳсол мешавад, ки беш аз 30 дарсади таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии онро низ худи корхона истеҳсол менамояд.

Мототсиклҳои истеҳсоли корхона барои хоҷагидорон, сохтмончиён ва дигар табақаи аҳолӣ пешбинӣ мешавад.

Аз рӯйи нақша корхонаи мазкур соли 2024 мавриди истифода қарор дода шуда, дар натиҷа ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо бо фаъолияти коргоҳи мевахушккунии Кооперативи тиҷоратии “Беҳбудӣ” тариқи навор шинос гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкури 120 тонна маҳсулот дар як солро ташкил намуда, дар он 30 нафар бо кори мавсимӣ таъмин мешаванд.

Таҷҳизоти коргоҳ аз хориҷи кишвар ворид гардида, бо истифодаи он 20 намуди меваҷот хушконида мешавад.

Технологияи муосири насбгардида имкон медиҳад, ки маҳсулоти тайёр босифат истеҳсол гардида, барои содирот мутобиқ бошад.

Маҳсулоти хом, аз ҷумла зардолу, олу, олуи сиёҳ, себ, нок, олуча, ангур, хурмо ва дигар меваҷот тариқи шартнома аз аҳолӣ харидорӣ мегардад.

Бояд ёдовар шуд, ки таъсиси чунин коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028