Ифтитоҳи бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ

13.12.2023

http://www.president.tj/node/32079

13 декабр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Марказ бо таҷҳизоту технологияи иттилоотии муосир таҷҳизонида шуда, дар он имконияти мусоид барои дастрасии маълумоти фаврӣ оид ба офатҳои табиӣ, таҳлили онҳо, огоҳсозии аҳолӣ, идоракунии қувва ва воситаҳои низоми ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда бо низоми муайяншуда фароҳам шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо имкониятҳои технологӣ барои дарёфти маълумот дар бораи ҳолатҳои эҳтимолии табиӣ ва ҳамоҳангкунии қувваю воситаҳо ҷиҳати пешгирии он шинос шуданд.

Барои мушаххас кардани абрҳои ҷолаовар, ҳолатҳои заминҷунбӣ, тасвири ҷойи воқеа, таҳияи харитаи офати табиӣ ва имкониятҳои пайвастшавӣ ҷиҳати гузаронидани ҷаласаҳои фаврии онлайнӣ аз порталҳо ба таври васеъ истифода карда мешавад.

Бинобар сабаби тағйир ёфтани иқлим эҳтимоли ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ бештар гардидааст. Бо дарназардошти ҳамин Сарвари давлат ҳайати шахсиро ҷиҳати истифодаи муфид аз имконияти замонавии фароҳамшуда ва саривақт пешгирию бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда вазифадор карданд.

Масоҳати умумии бинои Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1520 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонии бинои мазкур 2 феврали соли 2021 оғоз гардида, бо ҷалби сармояи хориҷӣ мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст.

Иншооти замонавӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар бино толори машваратӣ, ҳуҷраи сардори ситоди Комисияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда, ҳуҷраи сардори марказ, толорҳои алоқаи фаврӣ, иттилоотӣ ва ҳамоҳангсозӣ, 3 ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, меҳмонхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст.

Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти идоракунии ҳаррӯзаи низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқуллода буда, барои муттаҳид намудани манбаи иттилоот, имкониятҳои мавҷудаи зернизоми вазифавӣ ва ҳудудии низоми ягона ҷиҳати идоракунии фаврӣ дар вазъияти буҳронӣ ва фавқулодда пешбинӣ шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандону мутахассисонро барои омӯзиши нозукиҳои кор тавассути технологияи муосир, такмили маҳорат, саривақт мушаххас кардани мавзеи эҳтимолии хавфнок ва дар ҳамоҳангӣ андешидани чораҳои зарурӣ вазифадор карданд.

Назорати доимии фаъолияти марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронии Раёсатҳои Кумита дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, хадамотҳои навбатдории вазорату идораҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳо оид ба ташкил, такмилдиҳӣ ва истифодаи устувори низоми худкори иттилоотӣ оид ба масъалаҳои огоҳсозӣ аз ҳамин маркази муосир сурат мегирад.

Дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ дар марказ ба таври худкор аз имкониятҳои захиравӣ истифода карда мешавад.

Бунёди Маркази миллии идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷаҳҳазгардонии он бо технологияи муосир имкон медиҳад, ки маълумоти дақиқи ҷаҳон ва ҳудуди мамлакат онлайн тавассути порталҳо дастрас ва ҳолати воқеӣ пайгирӣ карда шавад.

#Тоҷикистон#ЭмомалӣРаҳмон#Душанбе#КҲФ#ЭмомалиРахмон#Таджикистан#КЧС#Tajikistan#EmomaliRahmon#Dushanbe#Tajiks#Тоҷикон#Таджики









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028