Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ — HHDT

Мулоқот бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ

02.12.2023

http://www.president.tj/node/32050

2 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар доираи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим бо Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Алӣ ал-Сайеғ мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбати гарму самимӣ масъалаи густариши муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Аз Вазири давлатии Аморот даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати шиносоии наздик бо имкониятҳои сармоягузорӣ ва соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028