Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

29.11.2023

http://www.president.tj/node/32009

29 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст, Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ҳисоботи вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии таҳияи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушаххас намудани раванди иҷрои Буҷети давлатӣ, истифодаи босамару мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, инчунин муайян кардани уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз моликият вобаста ба иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” иборат мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдори давлатӣ супориш доданд, ки иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026-ро таъмин намоянд.

Сипас, дар кори маҷлис “Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024” директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2024” даврият, номгӯи шаклҳои ҳисоботҳои оморӣ, маҷмӯаҳои омории ҷамъбастӣ ва маҷмӯаву буллетенҳои омории соҳавӣ, мӯҳлати иҷрои корҳо дар давоми як сол ва усулҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳияи маводҳои оморӣ муайян шудаанд.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ гардида, барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Барномаи миллии “Кишвари сабз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 ва Дар бораи тарифҳои неруи барқ ва гармиро баррасӣ намуданд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои дастурҳои маҷлиси навбатӣ ва супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ҳукумати кишвар, вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Супоришҳои дигар ба масъулини соҳаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи зимистони солҳои 2023-2024, анҷоми босамари кишту кори тирамоҳӣ ва вусъати корҳои ободонӣ барои истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолӣ давлатӣ дода шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028