Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев — HHDT

Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев

28.11.2023

http://www.president.tj/node/32005

Имрӯз дар Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиев мулоқот анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат меҳмони олиқадрро ба муносибати таъйин шудан ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ табрик намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки муносибатҳои мо бо Туркманистон дар сатҳи баланди эътимод ва ҳусни тафоҳум ҷараён мегиранд.

«Натиҷаҳои судманди сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон, ки моҳи майи соли равон анҷом дода шуд, тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд», — иброз доштанд Пешвои миллат.

Дар ин замина Пешвои миллат ҳамчунин таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавофуқоти бадастомада зимни сафари Президенти Туркманистон нақшаи чорабиниҳои фарогирро қабул намудааст.

Сарвари давлат изҳори умед намуданд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба пешрафти тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркманистон мусоидат хоҳад намуд.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи навбатии Комиссия дар ин рӯзҳо дар шаҳри Душанбе сурат мегирад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028