Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев — HHDT

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

24.11.2023

http://www.president.tj/node/31987

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) дар шаҳри Боку бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот доир намуданд.

Пешвои миллат, аз ҷумла қайд карданд, ки мо ба муносибатҳои боэтимоди байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳем.

Таъкид карда шуд, ки соли равон, сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд.

Роҳбари давлат зикр карданд, ки яке аз падидаҳои муҳимми он – сафари давлатии муҳтарам Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Дар натиҷаи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба кишвари мо ҷонибҳо бастаи муҳимми санадҳои байниҳукумативу байнисоҳавиро ба имзо расониданд, ки муносибатҳои дуҷонибаро бо муҳтавои сифатан нав ғанӣ гардонид.

Дар ин замина, қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии тавофуқномаҳои бадастомадаро қабул намуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби минтақавию байналмилалӣ низ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон хоҳони ба минтақаи амну шукуфо табдил ёфтани Қафқози Ҷанубӣ мебошад.

Дар интиҳои суҳбат Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои худ муҳтарам Илҳом Алиевро барои бомуваффақона гузаронидани Саммити Барномаи махсуси СММ оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) арзи сипос намуда, ба саҳми босазои Озарбойҷони дӯст дар пешбурди Барномаи мазкур баҳои баланд доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028