Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия — HHDT

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия

21.11.2023

http://www.president.tj/node/31953

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия дар ҳузури Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид:

— Нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Федератсияи Русия дар бораи рушди ҳамкорӣ дар тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт;

— Нақшаи амалии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2023-2025;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии приставҳои судии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Русия дар бораи эътирофи тарафайни мақомоти танзимгарони ваколатдори иқтисодӣ;

— Ёддошти тафоҳум оид ба масъалаҳои назорати меҳнат ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли аҳолии Федератсияи Русия;

— Созишнома байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Маркази миллии таҳқиқоти “Институти Курчатов”-и Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва илмию техникӣ.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028