Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО — HHDT

МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ВАЛЕНТИНА МАТВИЕНКО

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 56-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко мулоқоти хоса анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, аз ҷумла, дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи доимии байнидавлатӣ, раванди имрӯзаи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия ба руҳияи шарикии стратегӣ мувофиқ арзёбӣ гардид.

Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани ҳамкории дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳим дониста шуд.

Ҳамчунин, бо изҳори қаноатмандӣ аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, ҷонибҳо фаъолияти назарраси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, инчунин, натиҷаҳои татбиқи босамари қарорҳои онро ба хотири манфиатҳои мардуми ду кишвар, таъкид намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028