Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — HHDT

Ба истифода додани майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14.11.2023

http://www.president.tj/node/31888

14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — шаҳраки Ғафуров дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Майдони Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ дар мавзеъи марказии шаҳраки Ғафуров дар масоҳати 1,2 га дар асоси лоиҳаи ҷолиб ҳамчун нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бунёд карда шудааст.

Бо садо додани суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Пояи Парчами давлатӣ бо баландии 54 метр сохта шуда, дарозии матои Парчами миллӣ 14 метр ва паҳноии он 7 метр мебошад.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ бахшиданд.

Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ 27 метр ва қутраш 2,4 метрро ташкил медиҳад.

Майдони назди пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ бо тахтасангҳо аз санги хоро ороиш дода шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба пояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ гулчамбарҳо гузоштанд.

Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ рамзҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Муқаддасоти миллӣ – мояи ифтихору сарбаландӣ ва шарафмандии шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол буда, ин рамзҳои давлатӣ ҳамагонро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, ифтихори миллӣ, садоқат ба тамаддуну фарҳанги қадима, корҳои созандагӣ баҳри рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят мекунад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028