Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев — HHDT

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

09.11.2023

http://www.president.tj/node/31843

9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карданд.

Изҳори умед карда шуд, ки ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли оянда дар назар аст, барои инкишофи минбаъдаи робитаҳои ду кишвар ва ба сатҳи иттифоқчӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон мусоидати муассир хоҳад намуд.

Ҷонибҳо барои дар доираи ин сафар баргузор кардани силсилаи чорабиниҳо, аз қабили форуми тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, форуми олимон, ҷавонон, мулоқоти занони пешсаф, шоми дӯстӣ, намоиши муштараки маҳсулот ва чорабиниҳои варзишӣ ба мувофиқа расиданд.

Зимни суҳбат Сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугуйи судманд анҷом доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028